Дар Коллеҷи тиббӣ- инноватсионии шаҳри Бохтар бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Баргузории дарсҳо кушод дар мавзуъҳои гуногун аз фанҳои табиатшиносӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳои муҳим маҳсуб мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад.
«Мақсад аз баргузории дарсҳои кушод на танҳо баланд бардоштани савияи дониш, балки иштироки фаъолонаи донишҷуён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат мебошад. Чунин дарсҳо натиҷаи босамар доранд. Ҳарчанд барои гузаронидани онҳо масъулияти бештар, вақт ва эҷодкорӣ лозим мешавад. Омўзгорон вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён аз тамоми имконият истифода намоянд. Бахусус донишҷўёни коллеҷ , ки дар оянда кормандони марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо мешаванду бо тандурустии аҳолӣ кор мебаранд, бояд саводи мукаммал дошта бошанд. Зеро як хато метавонад ба саломатии мардум зиён оварад», ьаъкид намуданд дар ин коллеҷ.
Ёдовар мешавем, ки бинои Коллеҷи тиббӣ — инноватсионӣ 24 марти соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор дода шуд.
Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Саодат” дар заминаи бинои куҳнаи хонаи маишии “Саодат” таҷдиду навсозӣ шуда, ба иншооти таълимии тиббӣ табдил дода шуд. Бино наздики 30 сол боз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва акнун бо саҳми фарзандони бонангу номуси оилаи Соҳибовҳо ҳамчун Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ба сокинони вилояти Хатлон хизмат карда истодааст.
Коллеҷ аз руи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода менамояд.
Бинои Коллеҷ аз руи як тарҳи муосир барқарор карда шуда, барои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидаст. Иншоот аз 6 ошёна иборат буда, дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, 10 ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи информатисонӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.