Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, дар баробари дигар сокинони Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.



@RustamEmomali