ИЛМ ВА ТАБИАТ — Бо илм муҳитро мешиносем – бо амал табиатро ҳифз мекунем!
Имрӯз дар ТВ “Илм ва табиат” шанбегии умумӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳадафи тоза ва обод намудани муҳити зист, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, инчунин таҳкими муносибати меҳрубонона ба табиат миёни кормандони муассиса роҳандозӣ шуд.
Дар оғози шанбегӣ, кормандон ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда, бо ҷидду ҷаҳд ба иҷрои корҳои гуногуни ободонӣ ва санитарӣ машғул гардиданд. Тозакунии муҳити гирду атрофи муассиса аз баргҳои хазоншуда ва партовҳои маишӣ, рангубор ва тозакунии панҷараҳо, деворҳо ва дигар лавозимоти сохтории муассиса, ҷамъоварии партовҳо аз роҳравҳо ва тоза намудани ҷӯйборҳо ва майдончаҳои дохили муассиса. Дар натиҷаи шанбегӣ, муҳити зисти коргоҳ тоза, зебо ва барои кору фаъолият мусоид гардид. Чунин ташаббусҳо на танҳо ба зебоии атроф кумак мекунанд, балки руҳияи дастҷамъӣ ва эҳтироми муҳити зистро дар байни кормандон таҳким мебахшанд.

