26 ноябр мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ Лидия Брито баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар Тоҷикистон дар соли 2025 баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо хатари обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар партави таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии минтақаро таъкид намуданд. Ҳамзамон ҷанбаҳои ҳамкории эҳтимолии муштарак барои мониторинги обшавии пиряхҳо, арзёбии мушкилоти экологӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ барои ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки аз системаҳои кӯлҳои пиряхӣ вобаста аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба ва таъсиси чаҳорчӯбаи ҳамаҷонибаи конфронси дарпешистода, ки коршиносони байналмилалӣ, ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва сиёсатмадоронро барои ҳалли масъалаҳои мубрами марбут ба экосистемаҳои пиряхҳо дар Тоҷикистон муттаҳид мекунанд, матраҳ гардид.

АМИТ «Ховар»