Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2023 дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара вазъи иҷрои қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025-ро, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, ташвишовар арзёбӣ намуданд. Бо мақсади огоҳ шудан аз рафти иҷрои ин Барнома АМИТ «Ховар» гузориш омода намуд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мувофиқи Барнома, ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Вале аз оғози амалишавии Барнома, яъне дар муддати сеюним соли сипаришуда аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин Барнома аз 7 замима иборат буда, замимаи 1 таҳия ва чопи дастурҳои методӣ, барнома ва аёният, замимаи 2- такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, замимаи 3- ташкил ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, замимаи 4- сохтмони муассисаҳои томактабӣ, замимаи 5- сарчашмаҳои маблағгузорӣ, замимаи 6- хароҷоти маҷмуии барнома сол ба сол бо нишон додани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва замимаи 7 нақшаи чорабиниҳои амалишавии Барномаро дар бар мегирад.
Тибқи замимаи 1 соли 2020 бояд 5 номгӯй, соли 2021 5 номгӯй ва соли 2022 10 номгӯй дастури методӣ, мавод ва аëният омода ва чоп мешуд.
То ин муддат 13 номгӯй дастурҳои методӣ нашр гардида, 65% иҷрои замимаи 1 нашри дастурҳоро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар маҷмуъ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7058 нафар аз такмили ихтисос гузаронида шуданд, ки 67,1 %-ро ташкил медиҳад. Дар доираи маблағгузории Барнома 1757 нафар бевосита аз такмили ихтисос гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки сабаби иҷро нагардидани ин замима паст будани фарогирӣ ба такмили ихтисос дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бинобар маблағгузорӣ нагардидан аз буҷаи маҳалҳо барои татбиқи Барнома мебошад. Тибқи замимаи 3-и Барнома бояд дар чумҳурӣ дар муддати 3 сол 4846 Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода мешуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 2111 Маркази инкишофи кӯдак (Душанбе- 27, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 297, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 264, Суғд- 375, Хатлон- 1148) фаъолият менамоянд, ки ин 43,5% иҷрои замимаро ташкил медиҳад. Як сабаби зиёд ташкил нашудани Маркази инкишофи кӯдак агар номуайянии мақоми ҳуқуқии ин марказҳо бошад, сабаби дигар аз воқеият зиёд ба нақша гирифтани таъсиси марказҳо аст.
Замимаи 4-и Барнома сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар бар гирифта, ҳар сол 100 муассисаи томактабӣ ва дар 4 сол 400 муассисаи томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд сохта, ба истифода дода мешуд. Вале соли 2020 дар ҷумҳурӣ 19 муассисаи томактабӣ сохта шуд, ки 19 % нақшаро ташкил медиҳад. Соли 2021 аз 10 муассисаи нақшавӣ 22 муассиса сохта шуд, ки 22% нақшаи солонаи Барномаро ташкил дод. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар 5 моҳи соли 2023 дар шаҳри Душанбе 1 адад ва дар вилояти Суғд 2 муассисаи томактабӣ (шаҳрҳои Гулистон ва Истиқлол) таъсис дода шуд. Дар давраи амалишавии барнома дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 32 муассиса 1 муассиса, шаҳри Душанбе- аз 44 муассиса 14, вилояти Суғд- аз 96 муассиса 23, Хатлон- аз 160 муассиса 14, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- аз 68 муассиса 14 ва дар ҷумҳурӣ аз 300 муассисаи нақшавӣ 63 муассиса сохта, ба истифода дода шудааст, ки 21%-ро ташкил медиҳад.
Замимаҳои 5 ва 6-и Барнома манбаъҳои маблағгузориро бо назардошти арзиши умумӣ ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ муайян намудаанд. Ҷиҳати иҷрои барнома 177 миллиону 538 ҳазору 107 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 19% маблағгузории барнома дар се солро ташкил медиҳад.
Чунончӣ, агар солҳои 2020-2022 аз буҷети маҳал ҷиҳати татбиқи Барнома барои сохтмони муассисаҳои томактабӣ 45 миллиону 342 ҳазор сомонӣ (24.9%), аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 ҳазору 80 сомонӣ (1.9%), вилояти Суғд- 8 миллиону 580 ҳазор сомонӣ (16.5%), шаҳри Душанбе- 35 миллиону 169 ҳазор сомонӣ (214.4%) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (4.4%) (Рашт, Лахш, Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ) маблағ ҷудо гардида бошад, мутаассифона, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маблағгузорӣ нашудааст.
Дар маҷмуъ соли 2020 ҷиҳати иҷрои Барнома бо назардошти таъмир 8 миллиону 114 ҳазору 819 сомонӣ ë 14%, соли 2021 14 млн 709 ҳазору 112 сомонӣ ë 24.5% ва соли 2022 34 миллиону 969 ҳазор сомонӣ ë 54.8% маблағгузорӣ гардидааст, ки 31,2% маблағгузориро дар солҳои 2020-2022 ташкил медиҳад. Соли 2023 бо мақсади иҷрои Барнома аз буҷети ҷумҳуриявӣ 6 миллиону 706 ҳазору 30 сомонӣ маблағ ҷудо шуд, ки 40% нақшаи маблағгузорӣ барои соли 2023 (16 миллиону 732 ҳазор)-ро ташкил медиҳад. Соли 2022 ҷиҳати гузаронидани такмили ихтисоси кормандони соҳаи томактабӣ ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа ва филиалҳои он 500 ҳазор сомонӣ интиқол дода шуд. Соли 2022 дар доираи маблағҳои Барнома аз ҷониби вазорат 470 маҷмуъ мизу курсии кӯдакона, 940 кати хоб, 188 ҷевон барои бозича ва 470 ҷевон барои либос харида, ба муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас шуд.
Бо тасвиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Консепсияи арзёбии сифати таҳсилот» индикаторҳои баргузор намудани мониторинг таҳия ва мунтазам доир мешаванд. Дар маҷмуъ, замимаи 1- 65%, замимаи 2- 67 %, замимаи 3- 43.5, замимаи 4- 21 %, замимаи 5- 19.8%, замимаи 6- 19.4% ва замимаи 7- 79.4% иҷро гардида, дар умум амалишавии Барнома 45%-ро ташкил медиҳад.
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ (соҳибкорон) ва шахсони саховатпеша барои иҷрои саривақтии “Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” тадбирҳои амалӣ меандешад.