Зеҳни сунъӣ бо рушди мошинсозӣ ва технологияҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ марбут мебошад. Онро ҳамчун як шакли мошин ва ё компютер дар шароити замони муосир метавон муайян кард. Фаъолияти он тақлидан ба функсияҳои маърифатӣ ва тафаккури инсон сурат мегирад.

Тадқиқоте, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ гузаронида шудаанд, собит намуданд, ки дар бисёр самтҳои фаъолияти маънавию ҷисмонӣ, аз қабили ҳалли масълаҳои тафаккур, истифодаи дониш, банақшагирӣ, омӯзиш, муошират, идрок, ҳаракату, ҷунбиш, истифодаи асбобҳо ва идоракунии мошинҳо зеҳни сунъӣ корҳои ба амали одамон монанд ва ҳатто сифатан беҳтарро иҷро мекунад.

Калимаи интеллект (intelligence) аз забони лотинӣ пайдо шуда, маънои «зеҳн, ақл, хирад, шуур, фаҳмидан ё дарк кардани малакаҳои фикрронӣ»-ро мефаҳмонад. Зеҳн ё худ, интеллект яке аз мураккабтарин мафҳумҳои психология аст. Ҳарчанд равоншиносон, дар маҷмуъ, муътақиданд, ки зеҳн на ашё ва ё чизи мушаххас, балки натиҷаи фаъолияти маънавии инсон буда маҳсули он ба вуҷуд овардани тасаввурот дар бораи чизе ва ҳодисаву падидае мебошад, вале бояд иқрор шуд, ки доир ба ин мавзуъ ҳанӯз саволҳои беҷавобу баҳсбарангез бисёранд. Зеҳни сунъӣ чиро ифода мекунад? Оё он дорои қобилияти фикрронӣ ҳаст? Оё он усулҳои гуногуни азхудкунӣ ва истифодабарии дониш мебошад? Оё он дорои усули истифодабарӣ ва ивазкунии ақидаҳо аст? Бешубҳа, ҳамаи ин қобилиятҳо дар худ як қисми корҳоеро, ки интеллект иҷро мекунад, таҷассум менамояд. Дар ҳақиқат, ин истилоҳро бо як мафҳум ва ё усули тафсир шарҳ додану маънидод кардан ғайриимкон аст, зеро интеллект дар замони ҳозира ба як ҷузъи ҷудонопазири илмҳои гуногун табдил ёфтааст, ки ҳадафи асосии он дарку коркарди иттилоот ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳо тавассути воситаҳои технологияи информатсионӣ мебошад.

Ақидаи офариниши одами сунъии ба инсон шабоҳатдошта, истифодаи он барои ҳалли вазифаҳои мураккаб ва моделсозии ақли инсон ҳанӯз аз давраҳои қадим пайдо шуда, роҳандозии чунин афкору омол қарнҳои зиёд дар ҳаво муаллақ монда буд. Чунончи, дар Мисри Қадим ҳайкали механикии «Худои зиндашаванда» — Омун сохта шуда буд.

Файласуфи асримиёнагӣ, риёзидон ва шоир Раймонд Лулий дар асри XIII сайъ кард, то ки мошини механикиеро барои ҳалли вазифаҳои гуногун созад ва бо ин амали худ барои пайдоиш ва тараққиёти интеллекти сунъӣ замина гузошт. Ин ақидаро минбаъд Лейбнитс ва Декарт дар таҳқиқоташон бехабар аз кори якдигар вусъат дода, пешниҳод намуданд, ки чунин корҳоро ба сифати мулоҳизаҳои нахустини назариявӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Аммо тавлиди ниҳоии зеҳни сунъӣ баъди сохтани мошини электронии ҳисоббарор дар солҳои 40-уми асри ХХ аз ҷониби Норберт Винер ва пайдоиши илми наве бо унвони кибернетика имконпазир гардид.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи нави илм ба ду самт тақсим шуд: нейрокибернетика ва кибернетика — «қуттии сиёҳ». Нейрокибернетика аз сохтани таҷҳизоти «зеҳнӣ» иборат буда, он бояд бо ягон тарзе сохтори муайяни (мағзи сари) инсонро аз нав ба вуҷуд оварад. Кибернетика — «қуттии сиёҳ»-ро принсипе ташкил медиҳад, ки мувофиқи он сохтори таҷҳизоти «зеҳнӣ» ягон аҳаммияте надошта, бояд ба ҳар гуна таъсиррасониҳои беруна ба майнаи сари инсон мутаассир гардад. Кибернетика илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идора­кунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.

Олими шинохтаи англис Алан Норинг соли 1950 мақолаеро бо унвони «Оё машина фикр карда метавонад?»-ро интишор намуд.

Нахустин шабакаҳои нейронӣ дар охири солҳои 50-уми садаи ХХ пайдо шуданд. Дар соли 1957 аз тарафи Ф. Розенблатт кӯшиши сохтани системае ба харҷ дода шуда буд, ки тартиби моделсозии чашми инсонро эҷод намояд ва ҳамкории онро бо майнаи cap — персептрон ба роҳ монад.

Тадқиқоти навбатиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ Нюэлл, Саймон ва Шоу барои ҳалли масъалаҳои «назарияҳои мантиқӣ» (барои исботи теорема ва «ҳалкунандаи масъалаҳои умумӣ») идома доданд, ки ин аввалини тадқиқоти нисбатан намоён дар соҳаи зеҳни сунъӣ буда, бо мақсади коркарди барномаҳо ва ҳалли масъалаҳои гуногун пешбинӣ шуда буд.

Яке аз тадқиқотчиёни намоёни зеҳни сунъӣ Р. Бенерҷи соли 1969 навишта буд: «Доираи тадқиқоте, ки зеҳни сунъӣ номида мешуд, ба монанди маҷмуи методҳо ва воситаи таҳлил, инчунин, сохтани мошинҳое мебошад, ки онҳо иқтидори ҳалли масъалаҳоеро, ки фақат одам иҷро карда метавонист, доранду халос. Ҳамин тариқ, суръат ва самараи мошинҳо бояд ба одам баробар бошад».

Ба омӯзиши сохтор ва фаъолияти майнаи сари инсон илмҳои зиёде, аз қабили психология, нейрофизиология машғуланд. Ғояи асосии нейрокибернетика ин «дар оҳан» азнавсозии ҳуҷайраҳои мағзи cap — нейронҳо ба ҳисоб мераванд. Нейронҳо ҳуҷайраҳои махсусгардонидаеянд, ки имконияти қабул кардан, кор карда баромадан, рамзигардонӣ, ирсолнамоӣ ва захираи иттилоот, ташкили реаксияи барангезандагӣ, ба роҳ мондани алоқа бо нейронҳо ва ҳуҷайраҳои узвҳои дигарро доро мебошанд. Хусусияти бе­ҳамтои нейрон доштани имконияти ҳосил намудани разрядҳои электронӣ ва ирсол намудани иттилооти тавассути синапсҳо — воситаи махсусгардонидашудаи хотимавӣ мебошад.

Микдори нейронҳои майнаи сари инсон кариб ба 10п баробар аст. Дар ҳар як нейрон тақрибан 10 000 синапс мавҷуд аст. Агар фақат ҳамин элементҳоро ячейкаҳои захиравии информатсия шуморем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки системаи асаб 1019 воҳиди информатсионӣ, яъне, ҳамаи донишҳоеро, ки инсоният ҷамъоварӣ намудааст, нигоҳ дошта метавонад.

Шабакаҳои нейронӣ метавонанд ҳам тариқи барномавӣ ва ҳам бо тарзи дастгоҳӣ амалӣ шаванд. Самти нейрокибернетика батадриҷ ба нейрокомпютинг-насли ояндаи компютерҳо равона мегардад, ки онҳо бо шабакаҳои нейронӣ асос ёфта, афзалиятҳо ва камбудиҳои худро доранд. Таҳлили муқоисавии Фон Нейманн, ки ғояҳояш дар чор насли интеллекти сунъии нахустин татбиқ гардида буданд, аз системаҳои биологии нейронӣ, ки тимсоли нейрокомпютер ба шумор мераванд, иборат буданд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун як самти илмӣ ба омӯзиши рафтори боақлонаи инсон, ҳайвон ва мошинҳо машғул буда, барои ёфтани роҳҳои моделонии чунин рафторҳо дар намудҳои гуногуни сохтани механизми сунъӣ равона гардидаанд.

Аз рӯйи тадқиқоти илмии муҳаққиқони соҳаи зеҳни сунъӣ ва ё мутахассисоне, ки зеҳни сунъиро тавассути сохтани барномаҳои компютерӣ роҳандозӣ кардаанд, дар меҳвари он мавҷуд будани андешаву мулоҳизаронӣ қарор дошта, онро ба ҷузъи зерин ҷудо кардан мумкин аст:

Системаи коршиносӣ, эвристика, забони табиӣ, биниш чун чашми инсон, тавассути истифодаи камераҳо ва компютерҳо бо мақсади шинохти ҳадаф, пайгирию андозагирӣ ва коркарди минбаъдаи тасвирҳоро дар назар дорад, ки зимнан барои мушоҳидаи чашми инсон мувофиқтар шудани тасвирҳо мусоидат намуда, бо истифода аз асбобҳои махсус ҷиҳати муайянкунӣ ба кор меравад.

Зеҳн дар ҳайвонот ҳамчун маҷмуи вазифаҳои равонӣ фаҳмида мешавад, ки он тафаккур, омӯзиш ва муоширатро дар бар гирифта, ба воситаи инстинктҳо ё рефлексҳои шартӣ шарҳ доданашон мумкин нест. Қобилияти тафаккури ҳайвонот аз замонҳои қадим мавзуи баҳси олимон буд. Аристотел дар асри IV (пеш аз милод) қобилияти омӯхтанро дар ҳайвонот кашф карда, ҳатто, тахмин мекард, ки ҳайвонҳо ақл доранд.

Ба ҳамин тариқ, айни замон зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи илму маориф, техникаю технология, тиб, нақлиёт, дастгоҳсозӣ, низомӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ бар он ақидаанд, ки тараққиёти зеҳни сунъӣ дар оянда хатари аз байн бурдани инсонро дорад, шояд ин ба назар афсона намояд. Аммо имрӯзҳо мо мебинем, ки ба истиснои майнаи сари инсон дигар увзҳоро иваз намуда истодаанд. Эҳтимол дар оянда наслҳои замони нав техникаю воситаҳои электрониеро ихтироъ намоянд, ки майнаи сари инсонро аз косахонаи сар гирифта, нусхаи сунъии онро омода карда, ба воситаҳои технологӣ насб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо воситаҳои технологиии фикркунанда ҷойи инсонро иваз карда метавонанд. Аммо инсон фарогири баъзе қобилиятҳои равонӣ, шуур, тафаккур, дарк, эҳсос, кайфият, ангеза, рафтор, хотира ва омӯзишӣ мебошад, ки онҳоро зеҳни сунъӣ ба ин қарибиҳо пурра ишғол нахоҳад кард.

Қ. ШАРИФОВ,
корманди ДДОТ ба номи
Садриддин Айнӣ

https://omuzgor-gazeta.tj/?p=7506