Масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо ва ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои марбут ба фурӯши одамон зимни конфронси минтақавие, ки рӯзи 30 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд, мавриди баррасии васеъ қарор дода шуданд.
Дар расми ифтитоҳи ин конфронси дурӯза, ки дар мавзуи «Тақвияти шарикии миллӣ ва байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди фурӯши одамон» доир гардид, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ки ҳамзамон раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди фурӯши одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ доир ба Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе, муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фердинанд Йенрих, корпусҳои диполматӣ ва намояндагони Ҷуҳуриҳои Қазоқистон, Узбекситон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар он, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои миллӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷиҳати муборизаи самаранок бо зуҳуроти хариду фурӯши одамон, тақвият бахшидан ба иқдомоти пешгирикунанда ва дастгирии қурбониёни ин ҷиноят мебошад.
Ширкаткунандагони ин нишасти сатҳи баланд, дар баробари ба роҳ мондани муборизаи ҳамоҳангшуда бо ҷиноятҳои марбут ба фурӯши одамон, инчунин дарёфти роҳу усулҳои наву муосири ин гуна корбариро баррасӣ карданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ки ҳамзамон раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди фурӯши одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо ёдоварӣ аз таҷрибаи кории ҷониби Тоҷикистон дар ин самт, изҳор дошт, ки кишвари мо дар муайяну пешгирӣ ва ошкор намудани ин гуна ҳодисаҳои нангин ташаббус нишон дода, дар ҳамоҳангӣ бо шарикони худ аз минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Номбурда дар идомаи суханронии муқаддамотии худ изҳори боварӣ кард, ки роҳандозии усулҳои муосири корбарӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳои фурӯши одамон самараи дилхоҳ дода, ҳамзамон ба мустаҳкам гардидани равобити дуҷонибаю бисёрҷонибаи мақомоти марбутаи Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа, ҳамзамон қайд гардид, ки савдои одамон яке аз хатарноктарин намудҳои ҷинояти фаромиллӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба таври ҷиддӣ халалдор мекунад. Дар ҷаҳони муосир ин зуҳуроти номатлуб, хусусан дар минтақаҳои осебпазир ва кишварҳои дар ҳоли рушд афзоиш ёфта истодааст. Бо назардошти хусусияти глобалии ин мушкилот, танҳо тавассути ҳамкорӣ ва шарикии устувори ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ имкон аст, ки ба он муқобилияти самаранок бурд.
Иштирокдорон дар муҳокимаҳо пешниҳоду таҷрибаҳои гуногунро ба миён гузошта, таъкид намуданд, ки ҳарчанд омори расмӣ коҳиш ёфтани ҳолатҳои ошкоршудаи хариду фурӯши одамонро нишон медиҳад, аммо ин ҷиноят бештар шакли пинҳонӣ гирифта, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет сурат мегирад.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин масъалаҳои мушаххас, аз қабили пешгирии савдои кӯдакон, муҳофизати ҳуқуқи занони қурбонӣ, ҷалби ҷомеа ва ВАО дар баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ, муҷозоти омилони ин ҷиноят ва роҳҳои барқарорсозии қурбониён муҳокима шуданд.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки хариду фурӯши одамон дар шароити ҷаҳони муосир шаклҳои пинҳон ва электронӣ касб карда, мубориза бо он зарурати навсозии доимии равандҳои кориро талаб мекунад.