Роҳбарият

Директор

ИСМОИЛЗОДА  Зинатуллоҳ  Бурҳон  18-уми  майи 1972 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шудааст.

Солҳои 1993-1998    Муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноати идораи барномаҳои иқтисоди Радиои Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2001  Сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодии  шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2004  Муовини директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе 

Солҳои 2004-2006  Ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2015  Муассис ва директори телевизиони  «Симои мустақили Тоҷикистон», шаҳри Душанбе

Ҳамзамон

Солҳои 2010-2011  Раиси Шурои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои  2011-2015  Раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2021  Директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», шаҳри Душанбе

Аз 05.03.21 то ҳол  Директори Муассисаи давлатии телевизиони  «Илм ва табиат», шаҳри Душанбе

Ҳамзамон

Аз 16.11.2016 то ҳол   Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе