Раҳмоналӣ Шарифзода аз ҷумлаи олимони маъруфи тоҷик буда, бо фаъолияти густурдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва идорӣ дар рушди таърихшиносӣ ва бостоншиносии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ доктори илмҳои таърих, профессор ва дорандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» мебошад.
Раҳмоналӣ Шарифзода 18 апрели соли 1960 дар деҳаи Саксанохур (ҳоло Куҳандиёр)-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №17 (ҳоло ба номи Ё. Бегов), соли 1983 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун ассистенти кафедраи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз карда, баъдан такмили ихтисосро дар Институти такмили ихтисоси фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии Тошканд гузаштааст. Солҳои минбаъда ҳамчун коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷик, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёна ва ҳамзамон унвонҷӯи кафедраи таърихнигорӣ ва манбаъшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Аз соли 1992 фаъолияти ӯ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон пайванди мустаҳкам пайдо намуда, дар вазифаҳои гуногуни илмӣ ва роҳбарӣ, аз ҷумла муаллими калон, дотсент, мудири кафедра, муовини декани факултети таърих ва мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ кор кардааст. Аз соли 2016 то имрӯз вазифаи декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, Раҳмоналӣ Шарифов дар арсаи байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намудааст. Солҳои 2014–2015 ҳамчун мушовир-бостоншинос дар лоиҳаи байналмилалии ҳафриёти бостоншиносии кони Миси Айнаки вилояти Лугари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият кардааст. Ин таҷриба имконият фароҳам овард, ки дар таҳқиқи ёдгориҳои муҳими минтақа саҳми арзанда гузорад.
Фаъолияти илмии профессор Шарифов ба омӯзиши масъалаҳои муҳими таърихи халқи тоҷик, таърихнигорӣ, маорифи Афғонистон ва бостоншиносии асрҳои миёна равона гардидааст. Соли 1998 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Инъикоси таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул дар таърихнигории Шӯравӣ (солҳои 1218–1361)» дифоъ намуда, соли 2018 рисолаи докториро таҳти унвони «Таърихи маорифи асрии Афғонистон (солҳои 1919–1978)» бомуваффақият ҳимоя кард.
Самтҳои асосии пажӯҳишҳои илмии ӯ омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар аҳди муғул, таҳқиқи низоми маорифи суннатӣ ва муосири Афғонистон, инчунин археологияи давраи асрҳои миёнаи барвақтаро дар бар мегиранд. Зери роҳбарии илмии ӯ ду муҳаққиқ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.
Профессор Раҳмоналӣ Шарифзода иштирокчии фаъоли ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар форумҳои ҷаҳонии бостоншиносон дар шаҳри Шанхай, бо маърузаҳо дар Донишгоҳи Шимолу Ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, форуми байналмилалии «Наследие»-и Донишгоҳи давлатии Новосибирск, конференсияи байналмилалии Институти таърих ва фарҳанги моддии Академияи илмҳои Федератсияи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, инчунин ҳамоишҳои илмии Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзидааст. Ӯ ҳамчунин узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи байналмилалии «Общество: философия, история и культура» мебошад.
Маҳсули фаъолияти илмии Раҳмоналӣ Шарифов зиёда аз се китоби дарсӣ, дувоздаҳ дастури таълимӣ-методӣ ва беш аз чиҳил мақолаи илмиро дар бар мегирад. Осори илмии ӯ дар рушди таърихшиносӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва густариши таҳқиқоти бостоншиносӣ саҳми арзанда гузошта, ӯро дар зумраи олимони пешсафи соҳаи таърих ва бостоншиносии Тоҷикистон қарор додааст.