Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Созишномаи мазкур имрӯз дар идомаи Форуми 2-юми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус- шаҳри Минск идома дорад, аз ҷониби ректорони донишгоҳҳо ба имзо расид.
Ҷонибҳо зимни имзои шартномаи ҳамкорӣ доир ба масъалаҳое, ки дар созишномаи ҳамкорӣ дарҷ гардидаанд, ҷиҳати баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯён ва тавсеаи ҳамкории минбаъда ибрози назар намуданд.