Аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар муҳокимаҳои умумии Рӯзномаи Кумитаи дуввуми Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор корманди намояндагӣ Таҳмина Ҳасанова иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Ӯ дар бораи иқдоми Тоҷикистон дар раванди амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аз авлавияти Тоҷикистон дар кори Кумита ёдовар шуд.
Таҳмина Ҳасанова инчунин оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор сухан гуфт.
Илова бар ин, аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об (июни соли 2024) фаъолона иштирок намоянд.