Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin – 2024», ки бо ҳузури намояндагони воломақоми Олмон, мамлакатҳои хориҷӣ ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид, иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати донишгоҳ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани ҳамкорӣ ва бастани созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ин намоишгоҳ иштирок намуд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳайат бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов мулоқот намуд. Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Олмон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» вобаста ба омодасозии кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар зинаи касбҳои коргарӣ баррасӣ шуданд.
Дар натиҷа барномаи вохӯриҳо ва самтҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Олмон ҳамоҳанг гардида, баргузории мулоқотҳо тибқи барнома ба нақша гирифта шуд.
Ҳамзамон зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо Дабири кулли Созмони чаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили густариши ҳамкории донишгоҳ бо барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баррасӣ шуд.