18 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати мутахассисони Чин бо роҳбарии муовини раиси Ҷамъияти геологии Чин Чжу Лисин баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҷонибҳо оид ба пешбурди кор дар самтҳои геология ва сейсмология мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон барои таъсиси Маркази сейсмологии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳодҳои мукаммалу саривақтӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои ҳимояҳои илмии аспирантону докторантон дар шуроҳои дисертатсионии ҳарду давлат, ҳамкории олимон, аспирантону докторантон дар самтҳои геология, сейсмология ва баланд бардоштани илм ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба гуфтушунид анҷом доданд.

АМИТ «Ховар»