
Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоъ монеа эҷод намуда истодааст.
Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонад.
Беҳуда нагуфтаанд:
Ростиро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷой нарасад.
Нашъамандӣ воқеан вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рузи сиёҳу пурмусибат меоварад. Феълан ҷавонони зиёд бекорию бекоргардиро пеша карда, ба аъмоли номатлуб амсоли нашъамандӣ зуд ҷалб мешаванд.
Бадбахтона, заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фуруши ин маводи зиёновар даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд.
Ҷиҳати пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 таҳти № 1409 «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул карда шуд. Мақсади асосии стратегия коҳиши паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳри бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат мебошад.
Пас, ҷавонон бояд якҷоя бо аҳли оила, мактаб, бо рафиқон ва ҳамсояву хешу табор бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ мубориза баранд, барои пешгирии чунин кирдорҳо ба кормандони ҳуқуқ муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, Пешвои миллат пайваста дар суханронии худ, ҷиҳати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалагузорӣ намуда, барои пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар кишвар як қатор дастуру супоришҳои судманд доданд, то насли ҷавон ба ин бадбахтӣ гирифтор нашаванд.
Бобоева Г. А. — муаллими калони кафедраи гистология