Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо Шурои байналмилалии таҳқиқот ва мубодила (IREX) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ёддошти тафоҳум аз ҷониби ректори донишкада Наврӯз Мирзозода ва Президенти Шурои байналмилалии таҳқиқот ва мубодила (IREX) Александр Дарделӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии ин санади ҳамкорӣ рушди муносибатҳои мутақобилан судманд дар самти такмили ихтисос ва рушди касбии омӯзгорон, мубодилаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои инноватсионии таълимӣ, таҳияи мавод ва захираҳои муосири омӯзишӣ, инчунин амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи маориф мебошад.
Дар маросими баимзорасонӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода иштирок намуда, аҳамияти густариши ҳамкории байналмилалиро барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъкид намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳум, ба роҳ мондани барномаҳои муштараки омӯзишӣ, таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон ва ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки имзои ин санади муҳим марҳилаи нави ҳамкориро оғоз бахшида, барои рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими робитаҳои байналмилалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф