Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи падидаҳои хатарноки замони муосир ба шумор рафта, ба сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи инсоният таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи сулҳу оромӣ мебошад.
Мо ҳама гуна амалҳои террористӣ ва ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, бар он назарем, ки пешгирии чунин падидаҳо аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, махсусан насли ҷавон, оғоз меёбад.
Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми андешаҳои ифротӣ ва таблиғоти гурӯҳҳои дорои ҳадафҳои нопок гирифтор нашаванд. Истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, санҷидани дурустии маълумот ва эҳтироми қонун аз омилҳои муҳими пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ мебошанд.
Мо ҷонибдори сулҳ, ваҳдат, суботи ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, таъкид менамоем, ки ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва таъмини ояндаи осуда вазифаи масъулиятноки ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Сулҳу субот неъмати бузург аст. Ҳифзи он масъулияти ҳар яки мост. Мо бо иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебарем ва барои ҷомеаи осоиштаву ояндаи дурахшон саҳм мегузорем.
Омӯзгори МТМУ 27 — Ҳомидова Нигора