Рӯзҳои 12 то 14  сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии  тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.

Ҳамзамон, рӯзҳои 12 — 13 сентябр  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ  аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.

Агенти обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон