Огоҳӣ by admin / 9 сентября, 2026 No Comments Рӯзҳои 11 то 14 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр то 13 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд. Post Views: 4 Мубодила: