
5 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон