Рӯзҳои 10-12 октябри соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришоти хусусияти маҳаллӣ дошта, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.

ТВ «Илм ва табиат»