
Мавлоно соли 1207 дар Балх таваллуд шуда, соли 1273 дар шаҳри Қуния даргузаштааст. Машҳуртарин асари ӯ «Маснавии маънавӣ» мебошад. Дар осори Мавлоно мавзӯъҳои муҳаббат, дӯстӣ, инсонгароӣ, маърифат ва сулҳу ваҳдат ҷойгоҳи муҳим доранд.
Ин рӯз барои гиромидошти мероси бузурги Мавлоно ва шинос намудани насли наврас бо андешаҳои инсонпарваронаи ӯ аҳамияти калон дорад.
✍️ТВ «Илм ва табиат»