Имрӯз, Шарифзода Сайидмукаррам, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», барои ҳамкории судманд ва саҳми арзанда дар инъикоси имкониятҳои сайёҳӣ ва манзараҳои зебои кишвар бо Ифтихорномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Телевизиони «Илм ва табиат» дар баробари инъикоси мавзӯъҳои марбут ба илму табиат, тавассути барномаҳо, лавҳаҳо ва филмҳои мустанад дар муаррифии табиати нотакрор, манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад. Инъикоси чунин мавзеъҳо таваҷҷуҳи бинандагонро ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ҷалб намуда, барои муаррифии бештари сарватҳои табиӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Қадрдонии мазкур нишонаи эътирофи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар мебошад.