Ба ифтихори ҷашни муқаддаси умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар кормандони фаъоли Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» — Абдуллоев Валихон, Низомов Асҳобиддин ва Пирмуҳаммадов Рустам бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд.
Сарфароз шудан ба медали «Хизмати шоиста» нишонаи қадршиносии заҳмати содиқона, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи кормандон дар рушди ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Роҳбарият, аҳли эҷод ва ҳайати техникии ТВ «Илм ва табиат» ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарфароз намуданашон бо мукофоти давлатӣ изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён намуда, ҷавобан ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон минбаъд низ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.