Имрӯз, 14.09. 2026, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” бо иштироки васеи кормандон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст директори Телевизиони «Илм ва табиат» Саидмукаррам Шарифзода ҳозиринро ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик таъкид карданд.
Мавсуф зимни суханронӣ аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди Истиқлоли давлатӣ , таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла телевизион ва радио ёдовар шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли ТВ «Илм ва табиат» барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар рушди соҳа бо нишонҳои «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон», инчунин бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Роҳбарият ва кормандони ТВ «Илм ва табиат» барои қадрдонӣ намудани заҳматҳои кормандони телевизиони “Илм ва табиат” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳайати эҷодӣ ва техникии Телевизиони «Илм ва табиат» минбаъд низ баҳри таблиғу ташвиқи ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, муаррифии дастоварҳои илми мамлакат, васфи табиати зебои кишвар ва дигар масъалаҳои амсоли ин содиқона заҳмат кашида, фаъолияти худро дар самти таҳия ва пешниҳоди барномаҳои иҷолибу шавқовар боз ҳам тақвият бахшида, масъулияти касбии худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан иҷро хоҳанд кард.

ТВ «Илм ва табиат»