
Ҳаво торик шуд ва сиёҳии шаб тарси маро бештар мекард. Хоҳараконамро гирифта ба хона даромадам. Якеро дар паҳлуи чап ва дигареро дар паҳлуи ростам оғӯш гирифта, кунҷе ҳаросон нишастем. Аз модарам хабар набуд. Ҳузн гулӯгирам кард. Худоё, агар ба модарам фалокате рух дода бошад, мо чӣ кор мекунем? Ба куҷо меравем? Кӣ ба додамон мерасад? Ҳатман аз гуруснагӣ ин ҷо мемирему касе хабар намешавад. Ҳазорҳо суолу андеша қалбамро фишор медод…
Модарам субҳи содиқ ба бозор мерафт. Аз ҷое нону хлеб гирифта, дар ҷойи дигар мефурӯхт. Оҳиста-оҳиста ба савдои мева гузашт. Баъзан ба хотире, ки оромтар, яъне бе фикри он, ки мо дар хона чӣ ҳол дорем, корашро анҷом диҳад, моро ҳамроҳаш мебурд. Борҳо шоҳид будам, ки мардони силоҳбадасти бераҳм, лагандҳои меваро ба замин рехта чош медоданд. Зарфҳои холиро бо шатта зада, ҳар тараф паҳн мекарданд. Ба гумон модарам ва дигар ҳамроҳонаш онҳоро мешинохтанд, чунки баъзан , “омаданд-омаданд”,- гӯён, лагандҳои вазнини меваро, ки қариб 50-60 килло вазн дошт, ба танҳоӣ бардошта, ҷое пинҳон мекарданд. Дили он бераҳмон ҳатто барои кӯдакон намесӯхт, аслан шояд дил надоштанд… Борҳо дар назди мо бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ меваҳои модарамро на танҳо ба замин мерехтанд, балки аксар вақт бардошта бо худ мебурданд. Чӣ рузҳои пурдаҳшат буд. Он замон дар бозор танҳо занон савдо мекарданд. Ба худ мегуфтам: -чаро дар ин ҷо як мард нест, ки ба доди ин занҳои бечора бирасад? Баъд аз бузург шудан фаҳмидам, ки мардон он шабу рӯз ҷуръати аз хона баромадан надоштанд. Аниқтараш ҷонашон дар хатар буд. Шояд бо ҳамин сабаб модари ман масъулияти даҳ мардро бар дӯш гирифта, бо азобу машаққатҳои сангин, натанҳо се духтари нимятими худ, балки бародарону хоҳаронашро низ бо хӯрока таъмин мекард. Вале ҳаргиз ба хона дер намеомад. Ҳамин ки офтоб ғурӯб намуд, садои модарам дар ҳавлӣ шунида мешуд ва офтоби наве дар ниҳоди мо тулӯъ мекард.
Аммо чаро имрӯз модарам наомад…? Дар хона соат ҳам набуд. Намедонистем кадом ҳиссаи шаб аст. Аз тарс хоб чашмонамонро тарк карда буд. Хайрият хоҳаронамро низ хоб набурд, вагарна намедонам он шаб аҳволи ман чӣ мешуд. Он лаҳзаро ҷуз худам касе дарк карда наметавонад. Чӣ фикрҳои баде аз зеҳнам мегузашт. Наход модарам дигар наояд? Очаҷон куҷоӣ…?
Ногоҳ шарақ-шарақи пой аз берун ба гӯш расид. Ҳатто ҷуръати аз ҷой хестану ба ҳавлӣ нигоҳ карданро надоштам. Метарсидам.
-Фарзона! Духтарам, хобед ё бедор?
Овози ширадори модарам буд.
Шунидани садои модарам бароям қувват дод. Мане ки аз тарс пойҳоям аз ҳаракат мондаю мадори аз ҷо хестан надоштам, якбора паридаму ба берун давидам. Модарам рӯйи ҳавлӣ нишаста, ангуштони пойи худро фишор дода, гиря мекард. Чӣ шуд очаҷон? –гӯён давидаму ӯро ба оғуш гирифтам.
— Духтарам, ягон латапорра биёр, ки аз дард мемирам…
Садои пурдарди модарам вуҷудамро ба дард овард. Дардашро эҳсос кардам. Бо ақлу зеҳни кӯдаконаам, аламҳои қалбашро хондам. Зеро то имрӯз борҳо афтодану хестани модарамро дар зиндагӣ шоҳид будам, аммо боре ашкро дар чашмонаш надидам. Ба худаш иҷоза намедод, ки бо нам кардани чашмонаш моро аз мушкилоташ огоҳ намояд. Пас он рӯз чӣ қадар дард дошт, ки худро дошта натавонист…
-Очаҷон, почаатонро чӣ шуд? Чаро нохунҳои ангуштонатон сиёҳ шудааст?
-Мошин зер кард духтарам.
-Роҳро нигоҳ накарда гузаштед?
-Ҳеҷ куҷоро нигоҳ накардам, фақат давидам.
-Мошинро ҳам надидед?
-Дидам, вале агар меистодам, муҷоҳидон маро мепаронданд.
-Агар он мошин шуморо зер мекард чӣ?
-Накард ку! Худо нахост. Ба шумо раҳм кард.
-Аз муҷоҳидон чӣ тавр наҷот ёфтед?
-Пушти дарахти калоне пинҳон шудам. Ҳаво торик буд. Самте, ки фирор кардам чанд тир холӣ карданд. Тирашон ба дарахт бархӯрд. Шукр, ки бар ман нарасид…
Акнун фаҳмидам, ки модарам аз дарди пой не, аз шодии он, ки Худо ӯро дубора ба мо расонд, гиря мекард. Танҳо Худо медонад, ки он рӯз модари азизи ман чӣ даҳшатеро паси сар карда буд. Аҳволи ҳама ҳамин буд. На кӯдак осуда буду на калон. На хурд оромӣ дошту на бузург. На бачаҳо хушҳолона метавонистанд бозӣ кунанд ва на волидон бидуни ташвиш пайи кор мерафтанд. Ҳар, ки субҳ аз хона берун мешуд, фақат як умед дошт:
-Худоё, маро дубора ба даргоҳам бозгардон!
Ин суханро борҳо аз забони очаҷонам шунида будам…
-Биё ба деҳа равем очаҷон, дар он ҷо муҷоҳидон нестанд: -гуфтам ба модар.
-Дуруст духтарам, муҷоҳид нест, вале мардум аз гуруснагӣ мемиранд. Дар деҳа азоб бисёр аст. Кор нест. Шумо ҳам азоб мекашед. Гурусна мегардед. Бояд таҳаммул кунем, азизи оча! Ин рӯзҳо ҳатман поён меёбанд. Президент ваъда додааст, ки ба кишвар сулҳ меорад…
Президент! Ин калимаро бори нахуст дар ҳамон шаби пурваҳму пуртарс шунидам. На маънои Президентро мефаҳмидам ва на маънои сулҳро. Аммо як ҳисси умедворкунандае дар қалби кӯчакам бедор шуд. Баъд аз ваҳшату тарсҳои он шаб,ки тамоми умедамро аз даст дода будам, билохира, шуълае аз шодӣ дар ниҳодам тавлид гашт. Бо тамоми қувват худро дар оғӯши очаҷонам пахш мекардам, то бӯйи оромиро эҳсос кунам. Бидуни тарс зиндагӣ кардан ва ҳаловат бурдан аз хушиҳои даврони кӯдакӣ барои тамоми бачаҳо орзуи дастнорас гашта буд.
Ин танҳо як мисоли воқеӣ аз ҳаёти банда буд. Рӯзҳои аз ин ҳам ваҳшатноктару ғамангезтарро дар он замон таҷриба кардаам. Ҳеҷ шубҳа нест, ки чунин манзараҳои пурдаҳшат ҳазорҳо кӯдаконро озор додаву миллионҳо касро ба доми марг бурдааст. Аммо савол ин аст, ки агар мардуми оддӣ ба ин андоза ранҷу ситам дошт, пас Президенти мо чӣ гуна ҷуръат карда, ба майдон баромаданд? Чӣ тавр тавонистанд, бо он сиёҳдилоне, ки ҳанӯз ҳам маънову мафҳуму мақсадашон бароям маълум нест, мубориза баранд? Чӣ нерӯе ба эшон қувват дод, ки тавонистанд аз тиру туфанги бераҳмонаи он бедилон мардумро наҷот диҳанд? Чӣ иродае, эшонро водор кард, ки на дар фикри худ, балки дар фикри миллату кишвари хеш бошанд…?
Имрӯз хеле хуб дарк мекунам, ки чӣ имтиҳони сангину вазнинеро Пешвои муаззами кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сар гузаронидаанд. Пешвои муаззами миллат дар замоне ба ҳифозати миллат бархостанд, ки на дар кишвар ҷое обод буд ва на мардум ҳолу аҳволи андешидани фардоро дошт. Шояд барои ҳамагон расидан ба сулҳу оромӣ боварнокарданӣ буд. Аммо ин ҷавони пурғайрату дурандеш, ки дар ҷодаи сиёсат қадамҳои нав мегузоштанд, бовармандона расидан ба сулҳро таъкид карданд. Умедҳои барбодрафтаро дубора ҷон бахшиданд. Офтоби бовару ҳамдилиро болои кишвар шуълаафшон намуданд. Бо хираду заковати баланд, киштии давлатро аз мавҷҳои пурталотуми таърих ба соҳили амният оварданд ва бо меҳру ваҳдат дили мардумро бо ҳам пайвастанд.
Бовармандона таъкид карданд, ки оромӣ аз иттиҳод манша мегирад ва бо ҳамин суханҳои созанда, шамъи ҳамдилию ҳамдигарфаҳмиро дар ниҳоди миллати тоҷик шуълавар сохтанд. То дурахшон шудани хуршеди сулҳ дар Тоҷикистони азиз ин фарзанди бонангу ор ва ин падари мушфиқу ғамхор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд на шаб ором доштанду на рӯз. Имрӯз вақте аз он манзараҳои пурдаҳшати айёми кӯдакӣ ёд меорам, меҳрам ба роҳбари кишвар дучанд меафзояд ва заҳматҳои ӯро барои расидан ба оромӣ бештар дарк мекунам.
Ҳар гоҳ, ки ба ин роҳҳои ҳамвору пурмошин менигарам, ба ёдам ҳамон автобуси калоне, ки дар як ҳафта як ё ду маротиба ба ноҳия мерафт, мерасад. Одамон барои ворид шудан чунон мубориза мебурданд, ки якдигарро пахш карда, аз пой меафтоданд. Касе парвои касе надошт. Ҳама барои худ талош мекард. На оҳу нолаи пире ба гӯш мерасид ва на гиряҳои пурҳасрати кӯдаке, ки худ дар дохилу модараш дар берун монда буд. Ин аз набудани нақлиёт дарак медод. Мардум ҳатто пойи пиёда аз ноҳияе ба ноҳияи дигар сафар мекарданд. Ранҷу машаққати он рӯзҳоро танҳо касоне дарк мекунанд, ки дар ҳамон муҳит ва шароит зиндагӣ кардаанд. Маҳз Президенти маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон бо лутфу сояи Худованд ба ин мушкилиҳо поён бахшид. (Эй кош ҳеҷ гоҳ касе он рӯзҳоро набинад.) Имрӯз мардуми пурифтихору хуштолеи тоҷик аз пешрафти техникаву муваффақиятҳои болотаре сухан мегӯянд, ҳамагӣ дастрасиҳои бештаре доранду муҳтоҷ ба як техникаи оддӣ нестанд ва ин аз пешрафти кишвар ва суботи он дарак медиҳад. Роҳҳои чун шиша ҳамвор, на танҳо мардумро аз ноҳия ба шаҳр ва аз шаҳр ба вилоят мепайвандад, балки аз Тоҷикистони азизу биҳиштосо ба берун аз кишвар мебарад. Имрӯз бо талошу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон метавонанд ба тамоми гӯшаҳои олам сафар кунанд. Дар хориҷ аз кишвар таҳсил намоянд, кор кунанд ва ҳар гунае, ки дилашон мехоҳад, зиндагиро чархонанд…
Корнамоиҳое, ки Пешвои миллат дар роҳи созандагию бунёдкорӣ анҷом додаанд, ҳисоб надорад. Аввалин мавзуе, ки Роҳбари хирадпешаи мо амалӣ намудани онро муҳим шумориданд, бедории миллӣ буд. Чархондани зеҳни мардум атрофи созишу созандагӣ. Бо ҳамин мақсад нахуст ба маориф рӯ оварданд. Маорифро соҳаи афзалиятноки ҷомеа унвон доданду тағйироти куллиеро дар ин самт ба вуҷуд оварданд. Агар ба ғамхориҳои Роҳбари муаззами давлат ба насли миллат дақиқбинона назар кунем, эҳсос мешавад, ки Президенти мо воқеан муҳаббати падарона доранд. Ҳатто аз боғачаҳои кӯдакона дигаргунию навовариро шуруъ карданд. Талош намуданд, то тамоми шароиту имконият барои ин дӯстрӯякон муҳайё бошад ва ҳисси зебоиву ватандӯстӣ аз хурдӣ дар ниҳоди поку беғаши онҳо кишт гардад. Вақте ба ятимхонаҳо ворид мешаванд, рафтору муносибаташон бо кӯдакони ятиму нимятим мактаби бузурги инсонгароиро мемонад. Навозишҳои гарму силлаҳои ғамхоронаашон ва суханҳои пурҳикмату пурпандашон ҳар бинандаро водор месозад, ки пайрави чунин шахсияти олӣ бошад. Ҳар қадамашон як дарс аст ва ҳар амали эшон сафҳаи тозае дар китоби таърих, ки ҳазорҳо наслро ба самти хеш мекашад…
Фарзона Маҳмадиева
Корманди МД ТВ “Илм ва табиат”