
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳамарӯза дар саросари ҷаҳон тақрибан 8 ҳазор нафар бар асари норасоии оби нӯшокии тоза ва истифодаи обҳои олуда ҷони худро аз даст медиҳанд.
Гармшавии бесобиқаи иқлим ва хушксолиҳои тӯлонӣ боиси афзоиши норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон гардидааст. Дар кишварҳои биёбонӣ, аз ҷумла Қатар, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб, қисми зиёди оби ошомиданӣ тавассути ширинсозии оби баҳр истеҳсол мешавад. Ин раванд хароҷоти зиёд талаб мекунад ва боиси пайваста боло рафтани нархи об мегардад.
Об танҳо як захира нест, балки асоси ҳаёт, саломатӣ, кишоварзӣ ва рушди иқтисод мебошад.
Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои захираҳои бойи об ба шумор меравад. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо ва истифодаи оқилонаи он вазифаи ҳар яки мост.
Ҳар қатраи об арзиш дорад. Имрӯз онро ҳифз кунем, то фардо аз норасоии он ранҷ накашем.