Мавҷҳои гармо имсол дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон идома доранд. Дар муқоиса бо даҳсолаҳои гузашта, онҳо бештар, шадидтар ва тӯлонитар шудаанд.
Имрӯз баъзе аз кишварҳои Аврупо, Испания, Фаронса, Италия, Юнон ва Португалия, инчунин Ҳиндустон, Покистон, Ироқ ва як қатор кишварҳои Африқо ва Амрикои Шимолӣ аз гармии шадид ва хушксолӣ бештар осеб мебинанд. Дар баъзе аз ин минтақаҳо ҳарорати ҳаво то 45–50 дараҷа ва ҳатто болотар мерасад.
Агар партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш дода нашаванд, мавҷҳои гармо дар солҳои оянда боз ҳам бештар ва шадидтар хоҳанд шуд.