
Санаи 3 то 5 август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе, бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу-ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.