
Дар соли 2026 Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон чандин маротиба аз эҳтимоли ба амал омадани хокбориш ва афзоиши консентратсияи зарраҳои хурди чанг ҳушдор дода буд. Аз ҷумла, рӯзҳои 29–30 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вазиши шамолҳои ҷанубӣ боиси хокбориш ва паст шудани сифати ҳаво гардид.
Чангу ғубор танҳо ҳаворо ифлос намекунад, балки ба тамоми экосистема таъсири манфӣ мерасонад. Зарраҳои хок рӯи баргҳои растаниҳоро мепӯшонанд ва ба ҷараёни фотосинтез халал мерасонанд. Дар натиҷа нашъунамои растаниҳо суст гардида, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ кам мешавад. Ҳамзамон, хокбориш таркиби хокро тағйир дода, раванди биёбоншавиро суръат мебахшад.
Яке аз паёмадҳои ҷиддии ин падида коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ мебошад. Ҳангоми афзоиши чангу ғубор муҳити зисти бисёр ҳайвонот ва паррандагон тағйир меёбад. Баъзе намудҳо маҷбур мешаванд минтақаҳои зисти худро тарк намоянд, қисми дигар бошад, бинобар кам шудани манбаи ғизо ва шароити номусоид шумораи онҳо коҳиш меёбад. Бо ин роҳ занҷираи ғизоӣ халалдор шуда, мувозинати табиии экосистема заиф мегардад.
Ҳамзамон, чангу ғубор ба манбаъҳои об низ таъсир мерасонад. Зарраҳои хок ба рӯдхонаҳо, кӯлҳо ва обанборҳо ворид шуда, сифати обро паст мекунанд. Ин ҳолат на танҳо барои олами набототу ҳайвоноти обӣ, балки барои саломатии инсон ва рушди иқтисодиёт низ хатар эҷод мекунад.
Хокбориш дигар танҳо як ҳодисаи мавсимӣ нест, балки нишонаи тағйирёбии муҳити зист дар сатҳи минтақавӣ мебошад. Азбаски қисми зиёди чангу ғубор аз минтақаҳои биёбонии кишварҳои ҳамсоя тавассути шамол интиқол меёбад, мубориза бо он танҳо дар доираи як давлат имконнопазир аст. Аз ин рӯ, ҳамкории минтақавӣ, татбиқи барномаҳои муштараки экологӣ, сабзкорӣ, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва истифодаи оқилонаи замин аҳаммияти калон доранд.
Хокбориш ва чангу ғубор имрӯз аз муҳимтарин таҳдидҳои экологӣ барои Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо ба сифати ҳаво, саломатии аҳолӣ, кишоварзӣ, захираҳои об ва махсусан ба гуногунии олами биологӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити зист, пешгирии биёбоншавӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини рушди устувор ва ҳифзи сарватҳои табиии кишвар мебошад.
ТВ Илм ва табиат