Санаи 29.01.26 Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ доир  ба «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор намуд.

Дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбарияти АМИТ “Ховар”, роҳбарияти “Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Муҳокимаи парламентӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба инъикоси раванди амалишавии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Зимни баргузории муҳокимаи парламентӣ самаранокии натиҷаҳои Барномаи давлатии мазкур, рақобатпазирии соҳаи телевизион ва радио, нақши соҳа дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва роҳҳои асосии рафъи мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии Барномаи давлатии мазкур баланд бардоштани сатҳ ва сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, мутобиқ намудани онҳо ба талаботи муосир мебошад.        

Зикр гардид, ки рушди устувори телевизион ва радио бе такмили мунтазами қонунгузорӣ, мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии воситаҳои ахбори омма ғайриимкон мебошад.    

Таъкид гардид, ки имрӯз мо бо воқеияти нав — телевизиони рақамӣ, интернетӣ ва платформаҳои стримингӣ — рӯ ба рӯ ҳастем. Ин таҳаввулот талаб мекунад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ на танҳо пахши анъанавӣ, балки мундариҷаи рақамӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва масьулияти паҳнкунандаи иттилоотро низ фаро гиранд.

Забони давлатӣ, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллӣ бояд дар фазои телевизионӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд,- таъкид намуд дар фарҷом М. Гулзода.