Он давраи инкишофи химия, ки асрҳои VIII-XII-ро дар бар мегирад, барои мо аҳамияти махсус дорад, зеро дар он саҳми асосиро ниёгони мо гузоштаанд. Ин давраи таърихи химия бо якчанд хусусиятҳояш аз таърихи пешина фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, аз ин давра китобҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки онҳо имконият медиҳанд дар бораи сатҳи илми он замон, аз он ҷумла химия, маълумоти боэътимод дошта бошем. Бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки дар ин давра унсурҳои асосии илми химия пайдо шуданд, ки минбаъд ҳангоми сохтани пойдевори илми химияи муосир аз он истифода бурда шуд. Пеш аз ҳама, ин давраро бо хусусиятҳои зеринаш тавсиф додан мумкин аст:
1 .Таърифи илми химия ва вазифаҳои он аниқ карда шуданд.
2. Дар асоси ин илм таҷриба гузошта шуд ва ин боиси пайдо шудани озмоишгоҳҳои тадқиқотӣ гардид.
3. Усулҳои гуногуни ҷудо намудани моддаҳо (булуркунонӣ, табхир, тақтир, полоиш ва ғайра) ва муайян кардани хосияти моддаҳо (зичии моддаҳо, гудозиш ва ғайра) кашф карда шуданд.
4. Як теъдод моддаҳои химиявӣ (кислотаи сулфат, кислотаи атсетат, «шароби шоҳ», нитрати нуқра ва ғайра) бори аввал ҳосил карда шуданд.
5. Татбиқи химия дар тиб амалӣ гардид.
6. Таснифҳои аввалини моддаҳои химиявӣ пайдо шуданд.
Дар ин давра инкишофи илми химия дар Шарқ, асосан дар давлатҳои исломӣ (Аҷаму Араб) инкишоф меёфт. Аз он сабаб ки забони илмии ин давра асосан арабӣ буд ва қариб тамоми асарҳои илмӣ бо ин забон таълиф мешуданд, тамаддун ва олимони ин давра дар Ғарб бо номи тамаддуни араб ва олимони араб маълум буданд. Вале ба ҳеч кас пӯшида нест, ки саҳми ниёгони мо дар бунёди ин тамаддун беандоза бузург аст. Донишмандони форсу тоҷик Абдуаҳад-ал-Хоразмӣ, Ҷобир ибни Хайён, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯмансури Ҳиравӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, ки саромадони олимон буданд, дар ин давра фаъолият намуданд ва дар инкишофи илм ҳиссаи арзанда гузоштанд. Шароити мусоиде, ки Сомониён барои тараққиёти илм фароҳам оварда буданд, самараи хуб дод. Сарзамине, ки дар он ниёгони мо зиндагӣ мекарданд, ба маркази ҷаҳонии илм табдил ёфт.
Бояд қайд намоем, ки ин давра давраи олимони ҳамадон (энсиклопедист) буд, зеро теъдоди донишҳои он замона ва маълумоти дар он ҷамъ шуда нисбатан маҳдуд буданд ва ин имконият медод, ки ин илмҳо аз тарафи одамони нобиға (гениалӣ) на танҳо азхуд карда шаванд, балки инчунин эъҷодкорона тараққӣ дода шаванд. Олимони форсу тоҷик, аз ҷумла, Холид ибни Азиз, Ҷобир ибни Хайён, Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯмансури Фаробӣ, Шаҳриёр ибни Шаҳриёр, Абӯалӣ ибни Сино, Абдуллоҳи Нотилӣ, Ал-Ҳиндӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ин гуна олимон буданд. Онҳо аз худ мероси ғание гузоштаанд. Ин мерос ба мо имконият медиҳад, ки нисбати ақида, фаъолият ва дастовардҳои илмии онҳо баҳои воқеӣ диҳем. Азбаски мо давраи фаъолияти онҳоро ба як давраи таърихи инкишофи химия дохил намуда, тавсифи онро дар боло оварда будем, диққати асосиро ба саҳми олимони намоёнтарини ин давра дар инкишофи химия медиҳем.
Абӯбакри Розӣ. Тибқи нишондоди баъзе сарчашмаҳо асарҳои доир ба химия таълифнамудаи Розӣ ба 26 адад мерасад. Аз онҳо сетояш «Китобуншаоҳид» (китоби иқтибосҳо), «Китоб-ул-асрор» (китоби асрорҳо), «Китоб сирр-ил-асрор» (китоби сири асрорҳо ) то замони мо омада расидаанд.
Дар асоси ин асарҳои Закариёи Розӣ ба хизмати ӯ дар инкишофи химия баҳои дуруст ва боэътимод дода метавонем. Пеш аз ҳама, Розӣ ба фаҳмиши имрӯзаи химия чун илми таҷрибавӣ наздик омадааст. Ӯ тазаккур медиҳад, ки донишҳои назариявӣ дар асоси таҷрибаҳои амалӣ пайдо мешаванд. Дар айни замон Розӣ проблемаи асосии алхимияму баддалшавӣ ё худ мубаддалкунии металлҳои ғайриасилро ба металлҳои асил ба таври ратсионалӣ ҳал кардааст. Розӣ дар асарҳояш тамоман беасос будани ин ақидаро нишон додааст.
Закариёи Розӣ яке аз аввалинҳо шуда таснифи моддаҳоро пешниҳод намудааст. Вай дар таърихи химия нахустин бор ҳамаи моддаҳоро ба се синф: маъданӣ, набототӣ ва ҳайвонотӣ тақсим карда, оид ба намояндаҳои ҳар яке аз ин гурӯҳҳо маълумот дода буд.
Хизмати дигари Розӣ дар мураттаб сохтани озмоишгоҳҳои химиявӣ ва таснифи асбобҳои он мебошад. Дар қисми дуюми «Китоб сирр-ил-асрор» Розӣ ҳамаи асбобҳоро ба ду гурӯҳ тақсим менамояд: 1. Асбобҳо барои гудохтани металлҳо. 2. Асбобҳо барои коркарди моддаҳои ғайриметаллӣ ё худ барои дигар амалиётҳои химиявӣ. Розӣ инчунин дар бораи чӣ тавр ва дар кадом маврид истифода бурдани ин асбобҳо маълумот медиҳад. Дар ин масъала Закариёи Розӣ то он дараҷа ба муваффақият ноил шудааст, ки муҳаққиқони минбаъдаи таърихи химия ба ӯ баҳои баланд додаанд. Дар соли 1948 олими англис Ч. Зингер ба асбобҳои аз тарафи Розӣ баён карда шуда баҳои сазовор дода, навишта буд: «Лабораторияи англисии баъд аз ҳазор сол бавуҷудомада аз лабораторияи Розӣ он қадар фарқ намекард».
Дар мавриди омӯзиши илми химия Розӣ фикрҳои ҷолиби диққат пешниҳод намудааст. Ӯ дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омӯзиши илми химияро ба се қисми асосӣ ва ё зина ҷудо менамояд: омӯзиши моддаҳо, асбобҳо ва протсесҳо.
Аз таҷрибаҳои Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи химия олимони Ғарб дар асри XVII истифода бурдаанд. Масалан, химиядони ҳолландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои химия»-ро дар заминаи рӯҳи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир протсессҳои химиявӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.
Абӯалӣ ибни Сино. Оид ба ин нобиғаи замони худ шумо аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик маълумот пайдо кардаед. Мо дар ин ҷо танҳо нисбати корҳои химиявии ин нобиға таваққуф менамоем.
Дар китоби панҷуми «Алқонун» Сино инкишофи илми химия ва маълумоти дар он замон мавҷудбударо ҷамъбаст карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён кардааст.
Дар масъалаи асосии алхимия Абӯалӣ ибни Сино чун Закариёи Розӣ мавқеи комилан дуруст ишғол намуда, имконияти ба тилло табдилшавии металлхои дигарро бо бурҳони илмӣ рад кардааст.
Хизмати асосии Сино дар илми химия истифодаи маводи химиявӣ дар сохтани маводи доруворӣ мебошад.
Абӯалӣ ибни Сино ба химия аз мавқеи тиб наздик шудааст. Синоро кашшофи карболен (хосияти адсорбсионии ангишт) ҳисоб кардан мумкин аст, зеро ӯ дар асарҳояш хосияти ҷаббандагӣ доштани ангишти чӯбро нишон дода буд.
Дар асрҳои миёна тохту този туркон ва муғулон ба пешравии беназири аҷдодони мо монеъ шуд. Пас аз ин, таназзули илмҳои табиӣ дар сарзамини мо ба вуҷуд омад. Қариб то ибтидои асри ХХ ниёгони мо шароити мусоиди на танҳо инкишоф додани дастовардҳои илмии аҷдодони худро надоштанд, балки ин дастовардҳоро ҳатто маҳфуз дошта натавонистанд. Вале заҳматҳои ниёгони мо барабас нарафтанд. Асарҳои онҳо ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, барои инкишофи ояндаи илми химия замина гардиданд.