Дар асоси қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе имсол беш аз 10 000 навраси шаҳри Душанбе давоми 12 рӯз ройгон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Тибқи қарори мазкур истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешавад, дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бо назардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташкил мегардад.

 

Қабл аз ин масъулин муваззаф гардида буданд, ки дар истироҳатгоҳҳои «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншоотро ба қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.

 

Истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии “Зимчуруд”-и ноҳияи шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрие мебошад, ки дар як баст имкони қабули 250 нафарро дорад. Ҳоло хонандагон дар басти сеюм дар ин фароғатгоҳ ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.

 

Бояд гуфт, ки барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Дилшод Алсамадов