
Номвар Қурбонов аз зумраи чунин олимони ҷавон, муҳаққиқони фаъол ва донишмандони даврони Истиқлол буда, бо таҳқиқоти илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва саҳмаш дар рушди соҳаҳои метеорология, иқлимшиносӣ ва захираҳои об миёни ҷомеаи илмӣ мақоми шоиста касб намудааст. Фаъолияти густурдаи илмӣ ва ҷамъиятии ӯ намунаи равшани талошу заҳмати насли ҷавони олимони тоҷик дар роҳи пешрафти илм ва рушди кишвар мебошад.
Номвар Қурбон 4 феврали соли 1990 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Соли 2007 муассисаи таҳсилоти миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардид. Ӯ соли 2012 донишгоҳро бо дипломи аъло ба анҷом расонида, соли 2013 ба аспирантураи шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ шомил шуд ва таҳсилро соли 2016 бомуваффақият ба поён расонд.
Фаъолияти меҳнатии Номвар Қурбон аз соли 2008 ҳамчун мутахассиси Агентии обуҳавошиносӣ оғоз ёфтааст. Солҳои 2010–2012 дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз фанҳои физика ва география дарс гуфтааст. Дар идомаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун аспирант, ассистент, муаллими калон ва аз соли 2025 ба ҳайси дотсенти кафедраи метеорология ва климатология фаъолият намудааст.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи майи соли 2022 вазифаи раиси Шурои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз моҳи июни соли 2021 то имрӯз дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Самараи фаъолияти илмии Номвар Қурбон беш аз 60 мақолаи илмӣ, зиёда аз 160 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 9 китоб, аз ҷумла 3 монография ва як китоби дарсӣ, инчунин 4 шаҳодатномаи ихтироотии патентӣ мебошад. Ӯ дар баробари корҳои илмӣ ба тарғиби донишҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.
Муҳимтарин осори илмии ӯ монографияҳои марбут ба захираҳои об, амнияти гидротехникӣ, идоракунии захираҳои об ва тағйирёбии иқлим мебошанд. Китобҳои «Назарияи рушди илмҳои табиатшиносӣ», «Асосҳои нанотехнология», «Метеорологияи умумӣ», «Дурахши ахтарони илм» ва «Мушкилоти тағйирёбии иқлим» низ аз осори арзишманди ӯ ба шумор мераванд.
Номвар Қурбон аз ҷумлаи олимони фаъоли насли ҷавони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии ӯ дар самти омӯзиши тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва рушди устувор саҳми назаррас дорад.