
Рӯзҳои 1-3 июли соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта боқӣ мемонад. Ҳамзамон, рӯзҳои 2 — 4 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе, бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборше, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон