41 хонандаи тоҷик, ки дар олимпиадаи байналмилалии “ТИНИГЛ” дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир ишкирок карданд санаи 6-уми июл ба Ватан баргаштанд.

 

Раҳмон Идрис хонандаи фаъоли мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе бо нишон додани дониш ва маҳорати хуби забондонӣ дар олимпиадаи мазкур аз фани забони англисӣ соҳиби ду медали тилло ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

 

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи байналмилалии “ТИНИГЛ” тули 8 рӯз, аз рӯи 3 категорияи синнусолӣ ва 2 номинатсия доир гардида, дар он  хонандагони синфҳои 3 ва 11 аз 12 давлати дунё иштирок намуданд.

 

Хонандагони тоҷик аз рӯи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» 1 нафар сазовори ҷойи якум, 12 нафар ҷойи дуюм, 12 нафар ҷойи сеюм  ва дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ», яъне гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан 2 нафар сазовори ҷойи якум, 5 нафар ҷойи дуюм, 9 нафар ҷойи сеюм ва дар маҷмӯъ 41 ҷойи ифтихориро соҳиб гашта, низоми босифати таҳсили Тоҷикистонро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ намуданд.     

 

“ТИНИГЛ” олимпиадаи сатҳи миёна буда, ҳамасола дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Дар назар аст соли 2024 дар ин Олимпиада зиёда аз 2140 хонанда аз 846 муассисаи таълимии дунё ва 66 кишвари олам иштирок намоянд.

 

Пирӯзии пай дар пайи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаи тадбирандешҳиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳавасмандӣ ва талоши бештари хонандагони тоҷик ҷиҳати ғолибият дар олимпиадаҳои байналмилалӣ замина мегузорад.

 

Дилшод Алсамадов