
Аз нигоҳи илмӣ, қутос дар ҷараёни эволютсия ба зиндагӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ мутобиқ шудааст. Дилу шуши он нисбат ба чорвои маъмулӣ калонтар буда, хунаш дорои миқдори зиёди гемоглобин ва эритроситҳо мебошад. Ин хусусиятҳо ба қутос имкон медиҳанд, ки ҳатто дар шароити камии оксиген низ ба осонӣ зиндагӣ кунад.
Ғайр аз ин, пашми ғафс ва қабати равғани зери пӯсти қутос онро аз сармои шадид, ки ҳарорат метавонад то –40°С паст шавад, муҳофизат мекунад. Ҳамчунин чарогоҳои Мурғоб низ аз гиёҳҳои кӯҳии серғизо бой буда, барои ғизогирии қутос хеле мувофиқ мебошанд.
Сокинони ноҳияи Мурғоб аз қадимулайём ба қутоспарварӣ машғуланд. Қутос барои истеҳсоли шир, гӯшт ва пашм, инчунин ҳамчун ҳайвони боркаш аҳамияти калони иқтисодӣ дорад.
Мавҷудияти қутосҳо ба табиати ноҳияи Мурғоб ҳусну ҷозибаи хос мебахшад. Баландии зиёд аз сатҳи баҳр, иқлими сарду хушк, ҳавои камоксиген ва чарогоҳҳои табиии кӯҳӣ ин ноҳияро ба яке аз беҳтарин минтақаҳои қутоспарварӣ дар Тоҷикистон табдил додаанд.