Ноҳияи Балҷувон дорои табиати бой ва гуногунии баланди биологӣ мебошад. Ноҳияи Балҷувон соли 1938 таъсис ёфта, дар қисми кӯҳистонии вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Он дар масофаи тақрибан 190 километр дар самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе қарор дорад.Дар ҳудуди ноҳия қариб 200 чашмаи табиӣ мавҷуд буда, зиёда аз 145 намуди гиёҳҳои худрӯйи доруворӣ мерӯянд. Дар табиати Балҷувон намудҳои гуногуни дарахтон, буттаҳо ва алафҳои кӯҳӣ паҳн шудаанд, ки барои нигоҳдории мувозинати экологӣ ва ғанӣ гардонидани олами набототи минтақа аҳамияти калон доранд.

Олами ҳайвоноти ноҳияи Балҷувон низ хеле гуногун мебошад. Дар экосистемаҳои кӯҳӣ ва ҷангалии ноҳия даҳҳо намуди ҳайвоноти ваҳшӣ ва садҳо намуди ҳашароту организмҳои хурд зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо бузи кӯҳӣ, хирси қаҳваранг, гург, рӯбоҳ, харгӯш, ҷайра, кабк, уқоб ва дигар намудҳои парандагони кӯҳӣ ва ҷангалӣ вомехӯранд. Ҳамчунин дар табиати ноҳия намудҳои гуногуни хазандагон ва обхокиҳо, аз ҷумла морҳо, калтакалосҳо ва қурбоққаҳо, инчунин ҳашароти гуногун, аз қабили занбӯри ваҳшӣ, шабпаракҳо, гамбускҳо ва дигар мавҷудоти бесутунмуҳра паҳн шудаанд.

Дар муҳити обии дарёҳо ва чашмаҳои ноҳия низ организмҳои гуногуни зинда мавҷуданд. Дар ин минтақаҳо намудҳои гуногуни микроорганизмҳо, мавҷудоти хурди обӣ ва баъзе намудҳои моҳӣ зиндагӣ мекунанд, ки онҳо қисми муҳими занҷири ғизоии табииро ташкил медиҳанд.