Имрӯз дар Токио муколамаи вазирони иқтисод ва энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон иттилоъ медиҳад.
Дар муколамаи вазирони иқтисод ва энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа иштирок намуд.
Дар муколамаи вазирони иқтисод ва энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон масъалаҳои марбут ба эҷоди ҷомеаи сифри холис (Net-Zero) дар Ҷопон ва дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, сиёсатҳои гузариши энергетикӣ ва инчунин лоиҳаҳои эҳтимолии гузариши энергетикӣ бо иштироки Ҷопон баррасӣ гардиданд.