Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия дар ҳошияи иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ  ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуда, барои густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom», ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.

Дар намоишгоҳ Гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.

АМИТ «Ховар»