Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон сохтмони 165  мактабу  кӯдакистон ва иншооти гуногуни соҳаи маориф, иборат аз 1137 синфхона бо фарогирии 28 425 ҷойи нишаст ҷараён дошта, иншооти мазкур  то рӯзҳои ҷашн марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Дар шаҳру навоҳии вилоят соли  равон  32 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.

Соли равон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба 169 адад расидааст. Дар вилоят 14 мактаб- интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2502 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму  тарбия ҷалб карда шудаанд. Дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 213 маҳфили фаннӣ фаъолият мекунанд.

    АМИТ «Ховар»                                                                                                                                                                                       АКС аз манбаъҳои боз