Шаби 1 ба 2 август муштзани номдори тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 дар риштаи варзиши бокс бар ҳарифаш пирӯз гардида, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.

Давлат Болтаев дар ин сабқат, ки хеле бошиддат доир шуд, ба Ҷек Марли — варзишгари ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 ғалаба намуд ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Муштзани шинохтаи тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоӣ барои баромадан ба финал бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.

Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 баромаданд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқаи сатҳи баланд мебошанд.

 

АМИТ «Ховар»