Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дода шуд, ки ба тариқи квотаи президентӣ 23 хатмкунанда, аз ҷумла 12 духтар ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Дар давраи олимпиадаҳои фаннӣ мактаббачагони шаҳри Кӯлоб соҳиби 83 ҷойи намоён гардида, дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардиданд.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар шаҳру деҳаҳои Кӯлоб муассисаҳои таълимии нав бунёд мешаванд. Аз ҷумла,  сохтмони муассисаи таълимии нав дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор барои 240 ҷойи нишаст ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии 13, 17, 18, 49 ва 50    идома дорад.

АМИТ «Ховар»