Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи «Бақайдгирии ихтироот тавассути низоми минтақавӣ ва байналмилалӣ» бо иштироки коршиносони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва Идораи патентии авруосиёӣ машғулият баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Дар машғулият ихтироъкорон ва навоварони мамлакат, аспирантон, олимони ҷавон ва унвонҷӯён иштирок карда, бо коршиносони хориҷӣ вобаста ба бақайдгирии ихтироот тавассути низоми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Масъулин ҳадафи баргузории машғулиятро иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабинии «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани маълумотнокии ихтироъкорон ва навоварони мамлакат аз манбаъҳои рақамӣ, махсусан патентҳои ҳифзгардидаи кишварҳои пешрафта ва мавҷудияти низоми содаи бақайдгирии ихтироот дар хориҷи мамлакат унвон карданд.

АМИТ «Ховар»