Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар ҷаласаи навбатии Шурои  ҳамоҳангсозии шарикони рушд (Donor Coordination Council) дар самти ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, ки дар Душанбе  баргузор гардид, баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» ба истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаро Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ҳамраисӣ намуданд.

Дар ҷаласа кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзуъҳои «Чорабинии сатҳи баланд оид ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва гуфтушунидҳои иқлимӣ», «Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе» ва «Ташкил намудани павилиони пиряхҳо дар Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим»  бо рӯнамо баромад намуданд.

Инчунин дар доираи  ҷаласа аз ҷониби намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки Осиёии Рушд доир ба мавзуъҳои нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ ва маблағгузории иқлимии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда рӯнамоҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Дар анҷоми  ҷаласа тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат дархости худро вобаста ба масъалаҳои марбут ба аъзои шуро ба таври илова пешниҳод менамояд.

АМИТ «Ховар»