Имрӯз, 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 28 сентябр идома меёбад.

Тавре муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои гузаронидани озмун дар се толори муассиса шароит фароҳам оварда шуда, хонандагон метавонанд бе ягон мамониат аз ин толорҳо истифода баранд. Аз ҷумла, яке аз ин толорҳо махсус бо номи ҳамин озмун – толори «Хонандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» гузошта шудааст.

Аъзои ҳакамон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии мамлакат иборат мебошанд. Ёдовар мешавем, ки бо мақсуди арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»