Илму маориф, ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа, ҳама вақт дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон дар мадди аввал меистанд. Ва дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли илму маориф, Пешвои миллат олимонро “Захираи бузурги зеҳнии давлат” номида, таъкид намуданд, ки онҳо бояд дар пешрафти ҳамаҷонибаи давлат ва ҷомеа саҳми арзишманди худро гузоранд: “Дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад”.
Дар баробари баррасӣ шудани дигар масъалаҳо, масъалаи аз ҳама муҳим, ин аз худ кардани забонҳои русӣ ва ангилисӣ буд. Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки маҳз забондонӣ роҳкушоест барои беҳбудии зиндагӣ ва тарақиёти давлату ҷомеа.
Бояд гуфт, ки дар баробари ба забономӯзи даъват кардани аҳли ҷомеа, Пешвои миллат аз гиромидошти забони тоҷикӣ — модарӣ доимо суханҳои беҳтаринро ироа мекунанд: “Мо бояд забони шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳо ҳифз кунем..”.
Барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, лозим ва муҳим аст, ки забони давлатиро ҳаматарафа аз худ кунанд, то ки дар аз худ кардани забони хориҷӣ бо мушкилие дучор нашаванд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ англисӣ ва русӣ ин талаботи замонӣ муосир аст, чунки ин забонҳо пояи забони техника ва технология ҷаҳонӣ мебошанд, ва ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин масъала тамоми шароитҳои замонавиро муҳайё сохтаанд.
Қобили қайд аст, ки дар муддати чанд соли охир, барномаҳои давлатии Вазорати маориф такмил ёфта, дар баланд бардоштани сатҳи забондонии аҳолӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Пешрафти асосӣ дар ин ҷода, дар ташкил кардани барномаи “Кӯдакии барвақт” ё “Маркази инкишофи кӯдакони синни то мактабӣ” дида мешавад. Мақсад ва вазифаи асосии ин барнома тайёр кардани бачагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ва асосан, аз худ кардани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Ин гуна барномаҳо ҳамҷун поягузор дар ин самт фаъолият мекунанд.
Барои такмил ва равнақ додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ барномахои таълимии мактабҳои миёна низ мунтазам, пурра ва муккамал гардида истодаанд ва аксари хатмкунандагонӣ ин боргоҳи маърифат, мактабро ҳамчун забондони забонҳои англисӣ ва русӣ хатм мекунанд. Ва имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавонони кишварамон дар беҳтарин мактабҳои олии чаҳон таҳсили илм мекунанд. Ва дар оянда чун кадрҳои баландихтисос ба халқу Ватани маҳбубамон хизмат хоҳанд кард.
Хушбахтона имрӯзҳо, на танҳо хонандагони муассисаҳои давлатӣ, балки тамоми шаҳрвандони мамлакат низ имконияти интихоби аз худ кардани забонҳои хориҷӣ — ба монанди: забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, форсиву арабӣ, ҷопонӣ ва хитоиро доранд.
Донистан ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, дар ҳақиқат муҳим ва ниҳоят дараҷа зарур мебошад: аввалан, барои муккамал кардани илму дониши касбии худ, дувум, барои огоҳӣ ёфтан аз фарҳангу маданияти дигар халқҳо, савум, бе ягон мамоният тарҷума ва навиштани китобу мақолаҳои илмӣ ва ғайра.
Вале, мутаассифона, на ҳама ба забономӯзӣ диққати зарурӣ медиҳанд. Ҳатто олимон ҳам, одатан бо донистани як забонӣ хориҷӣ қонеъ мегарданд. Пешвои мамлакат дар ин бора дар баромадаш таъкид карда гузаштанд, ки: “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд.
Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб машавад”.
Лекин, ногуфта намонад, ки дар баробари камбудиҳо, пешравиҳои назаррас ҳам дар забоншиносӣ ва забондонӣ мавҷуданд. Бисёр олимони забондонӣ мо, пеш аз ҳама ҳамчун муаллим, баъзеҳо ҳамчун тарҷумон барои халқу ватани худ хизмат мекунанд. Тарҷума кардан ва тарҷумон будан ҳам, ин як масъулияти ниҳоят дараҷа баланд аст. Зеро, онҳо халқу миллатҳои дигарро бо фарҳангу тамаддуни мо ошно месозанд.
Бояд қайд намуд, ки тарҷумонони номдори ватанамон, аз ҷумла д.и.ф. профессор, узви Иттифоқи тарҷумони кишварҳои ИДМ ва Балтика Давронов Абдувалӣ Усмонович (тарҷума аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ, аз забони арманӣ ба тоҷикӣ, аз забони доғистонӣ ба тоҷикӣ), забоншинос, нависанда ва тарҷумони забони арабӣ Уктами Холиқназар, нависанда ва тарҷумон русӣ-тоҷикӣ Абдуғаффор Абдуҷаббор, д.и.ф., луғатнигор ва тарҷумони тоҷик профессор Мамадназаров А., д.и.ф. профессор Правона Ҷамшедов ва дигарон, ки дар тарҷумаи маводҳои илмӣ, умуман китобҳо, саҳми арзанда гузоштаанд ва ин хизматҳои илмии онҳо, аз мадди назарӣ Пешвои миллат дур нестанд.
Масалан, корҳои тарҷума кардаи профессор, доктори илмҳои филологӣ, луғатнигор ва тарҷумони тоҷик Парвона Ҷамшедов далели ин гуфтаҳо мебошанд, ки Устод, тавонистанд, бо маводи тарҷумакардааш, чаҳониёнро бо забон, таърих, фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошно созад.
Устод Парвона Ҷамшедов китоби 2 ҷилдаи “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Нигоҳе дар таърихи тамаддуни ориёи” — и роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “Ориён: фарҳанг ва тамаддун»- и Мухсин Умарзод, “Наврӯзнома”- и Умари Хайемро аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума кардааст, ки ин нишонаи хизмати шоистаи Устод ба Ватан ва миллат мебошад.
Дар охир бояд, қайд кард, ки дар ҳақиқат забондонӣ воситаи муҳимест, барои барқарор кардани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона байни халқу миллатҳои дунё на танҳо дар соҳаи илму маориф, балки барои ривоҷу равнақи тиҷорату сайёҳӣ низ хеле муҳим мебошад. Ва умед аз он дорем, ки тамоми маъсулини корхонаву идораҳо, ва асосан, ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайравӣ намуда, ба аз худкардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Зоолишоева Ш.Ф.
https://www.ign.tj/navidhoi-imi/navidho-r/item/770-zabondon-ro-kushoi-ajoti-imr-zu-fardo.html