Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёти мамлакат ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ гардида, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа номида шуд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Стратегия таъмини татбиқи афзалияти асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, мақсад ва вазифаҳои ояндаи самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро муайян намуда, ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати шарики баробарҳуқуқ, таъсиси заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба неруи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

АМИТ «Ховар»