Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини роҳбари намояндагии Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Ли Юйдон вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Ли Юйдон мақсади ташрифашро баррасии масъалаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) арзёбӣ намуд. Ли Юйдон ба имзо расонидани ин санадро барои ҷонибҳо муҳим шуморида, иброз намуд, ки амалишавии санад ҷиҳати тақвият ёфтани ҳамкорӣ ва муносибати илмии ҳарду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2024 барои ҷонибҳо соли муҳим ва бобарор мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар масъалаи тасвиби Ёддошти тафоҳум иброз дошт, ки он бояд бо қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ шуда, аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шавад.
Қобилҷон Хушвахтзода пешниҳод намуд, ки ҳамкории олимони тоҷик бо ҳамтоёни чиниашон дар самти илмҳои дақиқ густариш ёфта, таҳқиқоти муштарак дар самтҳои астрофизика, физика, химия, сейсмология ва экология тақвият дода шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.