Дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар Ню-Йорк Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи махсуси оби Шоҳигарии Нидерланд хонум Майке ван Гиннекен мулоқот намуд. 

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории муштараки давлатҳо дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, пешбарии мавзуи об дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29) ибрози назар намуданд.

Майке ван Гиннекен, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13-уми июн, Душанбе) иштирок карда буд, таассуроташро аз натиҷаҳои муваффақи ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ баён дошт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои пайгиронаи давлатҳо барои ҳалли яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ – дастрасӣ ба об мусоидат хоҳад намуд.

АМИТ «Ховар»                                                                                                               АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон