12 июл муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳoким Холиқзода дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA)  Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи  муштарак, аз ҷумла обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид.

Дар баробари ин вобаста ба истифодаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва манфиати он ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкории судманд иброз доштанд.

  АМИТ «Ховар»                                                                                АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид